Инноватсияи ояндасоз · аз соли 2017

Технологияҳое, ки шаҳрро ба ҳаракат меоранд

iO — дастаи самтҳои хизматрасонӣ ва технологӣ, ки ҳаракати шаҳриро рушд медиҳад, мусофирон ва ронандагонро дастгирӣ мекунад, маҳсулоти рақамӣ месозад ва мутахассисон омода мекунад.

Поён равед
Arzon 0110 Hamroh Mahal Traffic iO Lab Academy

Дар бораи ширкат

Аз як хизматрасонии такси дар Хуҷанд оғоз кардем. Имрӯз — як экосистемаи пурра.

Офиси iO дар Хуҷанд
Офиси iO дар Хуҷанд

«Инноватсияи ояндасоз» экосистемаи iO-ро рушд медиҳад: хизматрасониҳо барои муштариён ва ронандагон, маркази тамос, дастгирии корбарон, дастаҳои техникӣ ва рақамӣ, вазифаҳои корпоративӣ ва iO Academy. Ҳамаи самтҳоро як ҳадаф муттаҳид мекунад — хизматрасониро барои корбар қулай ва барои тиҷорат идорашаванда гардонидан.

  • 2017соли таъсис дар Хуҷанд
  • 40 000+фармоиш ҳар рӯз тавассути хизматрасонии мо
  • 2 500+ронанда ҳар рӯз бо мо ҳамкорӣ мекунанд
  • 200+мутахассиси ҷавон дар даста
  • 24сол — синну соли миёнаи кормандон
  • 51%-и дастаро занон ташкил медиҳанд

Экосистема

Панҷ маҳсулоти худӣ. Як даста.

Ҳар маҳсулотро дастаи iO месозад ва рушд медиҳад: аз ғоя ва дизайн то дастгирии корбарон.

iO Lab

Таҳияи маҳсулоти рақамӣ ва инфрасохтори технологӣ: backend, frontend, QA ва DevOps.

Автобазаи iO

Санҷишҳои техникӣ ва тиббии пеш аз сафар — омодагии ронандагон ва мошинҳо барои баромадан ба хат бехатар.

Маркази тамос

Қабули муроҷиатҳо ва расмикунонии фармоишҳо барои кори устувори хизматрасониҳо.

  1. 2017

    Оғоз дар Хуҷанд

    Фаъолиятро бо хизматрасонии фармоиши такси таҳти бренди франчайзингии Maxim оғоз намуда, дар байни чор бозигари калон зуд ҷои худро ёфтем.

  2. 2018

    Тарифҳои нав

    Тарифҳои «Курйер» ва «Мехарему меорем»-ро ҷорӣ карда, хизматрасониро хеле васеъ намудем.

  3. 2019

    Arzon

    Ҷои дуюм аз рӯи ҳаҷми бозор дар вилояти Суғд ва оғози Arzon — таксии дастрас барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ.

  4. 2021

    Пешсафони бозор

    85% ҳаҷми фармоишҳои такси. iO Lab ва академияи таълимии iO Academy таъсис ёфтанд.

  5. 2023

    Google for Startups

    Барномаи акселератсионии Google for Startups дар Astana Hub. Аз моҳи сентябр автопарк ва автобазаи худро рушд медиҳем.

  6. 2024

    Hamroh

    Оғози хизматрасонии сафарҳои байнишаҳрӣ.

  7. 2025

    Mahal

    Оғози хадамоти харитасозӣ барои самтёбӣ дар Тоҷикистон.

  8. Имрӯз

    Экосистемаи iO

    97% бозори такси, 51% бозори автобаза ва 490+ мошин дар хизматрасонӣ.

Рисолат

Бо эҷоди қарорҳои инноватсионӣ ва технологӣ мо равишҳои пешрафта ва абзорҳои муосирро ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ворид мекунем — ба манфиати кишвар, ҷомеа ва ҳар як муштарии худ.

Дурнамо

Ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи коммуникатсия, логистика ва нақлиёт шудан.

Ҳадаф то соли 2030

Бренди байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт сохтан ва хизматрасонии воқеан ба муштарӣ нигаронидашуда шудан.

Арзишҳо

Мо ба чӣ бовар дорем

01

Ҳаёт — ҳаракат аст

Ҳар рӯз бо абзорҳои инноватсионӣ ба сӯи ҳадаф ҳаракат мекунем, ки вақтро сарфа карда, ба садҳо хизматрасонӣ дастрасӣ мекушоянд.

02

Натиҷа

Дар муддати кӯтоҳ ва бо хароҷоти камтарин ба ҳадафҳо ба таври ҳадди аксар ноил шудан.

03

1 − 1 = 2

Аз кори нек натарсед, ҷавоб ҳар чӣ бошад.

Хатмкунандагони iO Academy бо сертификатҳо

iO Academy

Таҳсили ройгон барои насли нав

Курсҳо ва дарсҳои устодии ройгон дар соҳаи IT, технологияҳои рақамӣ ва маркетинг. Беҳтарин хатмкунандагон дар iO таҷрибаомӯзӣ гузашта, ба кор қабул мешаванд.

  • 300+хатмкунандагони курсҳо
  • 40+курси гузаронидашуда
  • 0 TJSройгон барои донишҷӯён
Бештар дар бораи Академия

Шарикон

Бо мо ҳамкорӣ мекунанд

Babilon-TTcellMegaFon БАТРБонки Эсхата Душанбе Сити Бонк
ШТР «Осиё»Котиботи байналмилалии захираҳои об Ширкати ҳуқуқии «Мушовир»Techcom ApexТИМ

iO Касб

Технологияҳоеро созед, ки тамоми кишвар истифода мебарад

Ҷойҳои холии корӣ, таҷрибаомӯзӣ ва роҳи номзад — дар платформаи iO Касб.

  • IT ва таҳия
  • Маркази тамос
  • Кор бо ронандагон
  • Харитасозӣ
  • Таҷрибаомӯзӣ
Гузаштан ба iO Касб